АШТ: Таҷлили 27 – солагии Конститутсия дар ноҳия

 238 боздид

Субҳи имрӯз санаи 5 – уми ноябри соли равон, дар толори Муассисаи давлатии вилоятии “Театри мусиқӣ – драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов” бахшида ба 27-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Раиси ноҳия Мирдадо Зариф, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд – муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсату кумитаҳо, сарварони ташкилоту идораҳо, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, вакилон, раисони ҷамоату шаҳраку деҳот, собиқадорони соҳаҳо, собиқ Раисони ноҳия ва собиқ раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок намуданд.
Муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, табрикоти Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонида, зикр дошт, “Конститутсияи Тоҷикистон таҷассуми давлату давлатдории миллии мардуми куҳанбунёди тоҷик буда, бо назардошти олитарин арзишҳои умумибашарӣ таҳия гардидааст, бинобар ин, аз ҷониби коршиносон яке аз беҳтарин конститутсияҳои олам эътироф шудааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи авҷи нооромиҳои даҳаи асри 20-ум, айни бархӯрди тамаддунҳои кишварҳо, низоъҳои берунаву дохила байни тамоми давлатҳои ҷаҳон Тоҷикистони маҳбубамонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ ва дунявӣ муаррифӣ намуда, маҳз бо шарофати сарнавиштсозаш олитарин дастовардро бо номи Истиқлолият тавлид гардонид”.
Зариф Мирдадо Раиси ноҳия, мардуми шарафманди диёрро бахшида ба 27 — солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Китоби сарнавиштсоз, Бахтномаи миллат ном гирифтааст, бо фараҳмандӣ ва бо рӯҳияи болида ҳамчун дастоварди бузурги сиёсиву фарҳангӣ истиқбол мегиранд, муборакбод намуда, иброз дошт: “Сарнавишти ҳар қавму миллати соҳибтамаддун ба азму иродаи матин, қалби бузурги пурмеҳр, ҳиммати ҷавонмардӣ, ҳисси ватандӯстиву ваҳдатгароӣ, мардумсолориву фарҳангпарварӣ, бедориву солимандешӣ, дарки дурусти воқеият, маҳорати таҳлили ҳаводиси рӯзгор, роҳандозии барномаҳои созанда ва нигоҳи неки фарзонафарзандаш ба фардоҳои дурахшон пайванди ногусастанӣ дорад, ки таҷрибаи солҳои навадуми асри гузаштаи халқи тоҷик мисоли равшани ин гуфтаҳост.
Маҳз таҷаллии ҳамин хусусиятҳои ҷавонмардонаи фарзанди фарзонаи миллат, родмарди арсаи сиёсат, меросбари фарҳанги пурифтихору деринбунёди давлатдории ориёӣ, Пешвои асри ХХI, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон аз вартаи нестшавӣ эмин монд”.
Дар зери ҳамин гуфтаҳо ман имрӯз кулли мардуми сарбаланд ва пиру барнои диёрро дар таҷлили ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 27-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният мегӯям.
Зикр кардан бамаврид аст, тӯли бисту ҳафт сол мешавад, мардуми шарафманди диёр Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки Китоби сарнавиштсоз, Бахтномаи миллат ном гирифтааст, бо фараҳмандӣ ва бо рӯҳияи болида ҳамчун дастоварди бузурги сиёсиву фарҳангӣ истиқбол мегиранд.
Констутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътирофу сабти соҳибихтиёрии мардуми Тоҷикистон шурӯъ шудааст. Дар муқаддимаи Конститутсия омадааст: “Мо, халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушди камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллати халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем”, мувофиқи ин ҳидояти Конститутсия халқи Тоҷикистон бо назардошти воқеияти таърихӣ сарнавишти худро муайян кард ва давлатдории худро тақвият бахшид.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба мафҳуми таркибии халқро муайян кард ва ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамои як давлати комилҳуқуқӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуд.
Бо шарофати Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омодасозӣ ва қабули Конститутсия давраи нав ба амал омад.
Дар натиҷа 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсия ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ аз ҷониби аксарияти кулли мардум пазируфта шуд ва ин рӯзи таърихӣ дар Тоҷикистон рӯзи Конститутсия муқаррар гардид.
Дар воқеъ интихоб — интихоби дуруст ва қабули қонуни асосии кишвар яке аз дастовардҳои муҳим ва бузурги миллати соҳибтамаддуни мо ба ҳисоб меравад.
Конститутсия тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошад, омоли меҳнаткашонро инъикос намояд, тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ бисозад.
Конститутсия барои сулҳу салоҳ ва ваҳдати комил расидани тоҷикон нақши муҳим бозид.
Ин ҳуҷҷати тақдирсоз аз ҷониби коршиносони байналхалқӣ яке аз Конститутсияи беҳтарину мардумтарини давлатҳои Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо номбар гардид.
Албатта, дар таҳия ва омодасозии Конститутсияи даврони истиқлоли Тоҷикистон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят зиёд аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: “Истиқлолият ва Конститутсия мафҳумҳои тавъам буда, якдигарро комил месозанд, зеро давлати соҳибихтиёр бе Конститутсия вуҷуд дошта наметавонад.
Бисту ҳафт соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит сохт, ки қонуни асосии зиндагии давлат ва ҷомеаи мо аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузашт ва дурустии мақсаду вазифа ва арзишҳое, ки Конститутсия ба онҳо асос ёфтааст, исбот гардид.
Натиҷаи ҳамин дастовардҳои конститутсионист, ки имрӯз дар мамлакат сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдор мебошад ва халқи Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба ободиву созандагии сарзамини соҳибистиқлоли худ машғул аст.
Мебояд аз он болид, миллати бузург, ки замоне зери бори гарону азият ва норасогиҳо қарор дошт, замоне, ки аз ҷиҳати иқтисодию иҷтимоӣ танқисӣ мекашид, замоне, ки мардуми ин қавмро ба тоифаҳои гуногун ҷудо мекард, нофаҳмию бародаркушиҳо медид, дар кӯи диёри ғайр азияти ғарибӣ мекашид, муваффақиятҳои бузургро имрӯз соҳиб аст.
Боварӣ дорам, ки бо дастгирӣ ва саъю талоши мардуми заҳматпеша ва бонангу номуси ноҳияамон иҷрои вазифаҳоеро, ки роҳбарияти мамлакат дар назди мо гузоштаанд, минбаъд низ бомуваффақият ва сарбаландона таъмин карда метавонем.
Барои ин ҳоло аз ҳар як фарди худогоҳу ватанпараст тақозо мешавад, ки ба манфиати Ватан, давлат ва халқи худ софдилонаву содиқона кору зиндагӣ карда, тамоми кӯшишу ғайрати хешро баҳри пешрафти давлати мустақили тоҷикон ва эътибори Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ равона созад.
Бори дигар ҳамаи Шумо-ҳамдиёрони азизро ба ифтихори ҷашни 27-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки сароғози давлату давлатдории навини мо ва номаи бахти миллатамон мебошад, самимона табрик намуда, бароятон дар кори ободониву шукуфоии Ватани маҳбубамон пешрафту пирӯзиҳо ва ба ҳар хонадон хушбахтӣ, осудаҳолӣ ва дастархони пурфайзу баракат орзумандам.
Дар охир ҷиҳати болидахотирии иштирокчиёни чорабинӣ аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби консертӣ ташкил карда шуд.
Инчунин ба собиқадорони соҳаҳои мухталифи ноҳия дар тӯйхонаи “30-солагии Истиқлол” як пиёла чойи идона баргузор карда шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.