АШТ: ВОХӮРӢ БО ҚИШРҲОИ ГУНОГУНИ ҶОМЕА

 333 боздид

16.12.2022

      Имруз тибқи нақшаи муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд дар толори МДВ “Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов” воҳӯрӣ  бо қишрҳои гуногуни ҷомеа вобаста ба пешгирии падидаҳои номатлуб, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, тавзеҳи мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масоили марзӣ ва ҳамзистии осоишта дар ҷомеа доир гардид.

Дар ҷамъомад Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода, сармуҳаррири нашрияи “Сухани халқ”-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Абдусабури Абдуваҳҳоб, профессори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд — Азимов Абдумавлон, собиқадори Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон Нодирҷон Солиҷонов, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Хушнуд Каримзода иштирок ва суханронӣ карданд.

Раиси ноҳия нахуст меҳмононро аз номи ҳозирин хайрамақдам гуфт.

Зимни баромади хеш сармуҳаррири нашрияи “Сухани халқ”-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Абдусабури Абдуваҳҳоб доир ба мӯҳтавои мақолаи коршиноси байналмиллали Абдуллоҳи Раҳнамо маълумот дод.

Профессори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд — Азимов Абдумавлон бошад доир ба сиёсати оқилона ва одилонаи ҳукумати мамлакат баёни назар намуд.

Нодирҷон Солиҷонов ходими сиёсию ҷамъияти доир ба решакан намудани ҳизбҳои террористию экстромистӣ пешниҳоди маъулмот намуд.

Роҳбари ноҳия вобаста ба пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим баёни андеша намуд.

 Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.