Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ва сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Рафторҷон Муҳаммадиев аз гармхонаи хучпарварӣ ва лимупарварии хоҷагии деҳқонии «Меҳрона»-и ҷамоати деҳоти Ашт дидан намуданд.
Тавре аз Раёсати кишоварзии ноҳия ба мо хабар доданд, роҳбарияти ноҳия аз ду гармхонаи ин хоҷагӣ, ки ба парвариши хуч ва лиму машғул аст боздид ба амал овард. Зимни шиносоӣ бо парвариши ин намуди маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ роҳбарияти ноҳия изҳори қаноатмандӣ карда, ба масъулин супориш дод, ки парвариши хучро дар дигар хоҷагиҳо низ ба роҳ монанд.
Тибқи иттилоъи масъулини соҳаи кишоварзии ноҳия хучи хоҷагии мазкур ҳаҷман калон буда, парвариши он ба вазъи ҳавои ноҳияи Ашт мутобиқ мебошад.