Боздиди Раиси ноҳияи Ашт аз хоҷагии деҳқонии “Ифтихор” ва ҶДММ “Моҳи Сабр”

 58 боздид

Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, зимни сафари кории худ, аз рафти корҳои саҳроӣ, дар хоҷагии деҳқонии “Ифтихор”-и Ҷамоати деҳоти Понғоз ва ҶДММ “Моҳи Сабр”, дидан намуд.

Хоҷагии деҳқонии “Ифтихор”-и Ҷамоати деҳоти Понғоз, ки роҳбарии хоҷагиро Махсудҷонов Зайлобиддин ба уҳда дорад, соли ҷорӣ дар майдони 14 га майдони  боғ ва токзори нав  бунёд хоҳад кард.

Тавре иттилоъ дода шуд, соҳибкор ният дорад баъди бунёди боғу токзори нав, дар  сардхонаи хоҷагии деҳқонии “Ифтихор” бо насби таҷҳизоти муосир хатти банду басти меваро низ ба роҳ монда, содироти маҳсулотро бо сифати мутобиқ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ афзун намояд.

Инчунин Раиси ноҳия аз рафти корҳои саҳроӣ дар ҶДММ “Моҳи Сабр”, ки парвариши моҳӣ ба роҳ монда мешавад,  шинос шуд.

Тавре Мамадҷонов Шуҳрат, роҳбари хоҷагӣ иттилоъ дод, дар майдони 46 га ҳавзи моҳигирӣ бунёд хоҳанд кард. Минбаъд дар ин ҳавзҳои моҳигирӣ навъҳои Сазан, Пешонағафс ва Амури сафедро парвариш мекунанд.

Раиси ноҳия Зариф Мирдадо, аз ин иқдоми соҳибкорон изҳори қаноатмандӣ намуда, барои саривақт ва бо сифати хуб анҷом додани корҳои саҳроӣ дастуру супориш дод.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *