Иқдоми нек дар арафаи иди саиди Фитр

 282 боздид

Тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати иҷрои саривақтии Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, №АП-983, аз ҷониби кормандони бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва масъулони иттиҳодияҳои динӣ бахшида ба Иди саиди Фитр ба 28 нафар ятимони кулл маводҳои ниёзи аввалия дастрас карда шуд.
Инчунин дар пайравӣ ба хислатҳои неку инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи шарифи Рамазон ва иди саиди Фитр аз ҷониби 3 нафар бародарони соҳибкор ба 12 нафар оростакорони корхонаи давлатии фаръии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и ноҳия 500 (панҷсад) сомонӣ, ҷамъ 6 000 (шаш ҳазор) сомон тақдим карда шуд.
Ҳамзамон аз ҷониби як соҳибкори ватандӯст ба муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия барои таъмири ҷории роҳи автомобилгарди Хуҷанд – Ашт 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ саҳм гузошта шуд.
Иқдомҳои неки чунин соҳибкорон ва саховатмандон боиси дастгирӣ, пайравӣ ва намунаи ибрат мебошад.

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.