Иштироки зиёда аз 550 нафар дар машқҳои пагоҳирӯзӣ

 593 боздид

Санаи 25 феврали соли ҷорӣ бо ташаббуси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо ҷалби ҷавонон ва сокинони касбу кори гуногун машқҳои пагоҳирӯзӣ баргузор гардид.

Дар машқҳои пагоҳирӯзӣ зиёда аз 550 нафар сокинони ноҳия дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот фаъолона иштирок намуданд.

-Мақсад аз баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ дар ноҳия оммавӣ гардонидани  варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва мустаҳкам намудани дӯстӣ байни сокинон аст гуфт,-Ҷамшед Насриддинов, мудири  Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия.

Ёдовар мешавем, ки ҳар ҳафта рӯзи шанбе бо ҷалби сокинон дар ҳудуди ноҳия машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешавад.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.