Салом модар, ман туро дӯст медорам!

 750 боздид

25-уми феврал дар назди муассисаи давлатии Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳия бахшида ба эълон гардидани “Соли 2017-Соли ҷавонон” аксияи тарбиявӣ таҳти унвони “Салом модар, ман туро дӯст медорам!” доир гардид.

Дар аксияи тарбиявии “Салом модар, ман туро дӯст медорам!” зиёда аз 150 нафар ҷавонон иштирок намуданд. Дар ҷараёни аксия ҷавонон ба модарони худ занг зада, гуфтанд “Ало, салом модар, ман туро дӯст медорам!”.

Аксияи “Салом модар, ман туро дӯст медорам!” меҳри фарзандро нисбат ба модар зиёд мегардонад. Вақте фарзанд ба модар занг зада мегӯяд, ки туро дӯст медорам дили модар аз сухани фарзанд бисёр шод мешавад мегӯяд,-Ҷамшед Насриддинов, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия.

Баргузории аксияи “Салом модар, ман туро дӯст медорам!” дар ҷамоатҳои ноҳия дар назар дошта шудааст.

 

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.