Изҳороти мардуми ноҳияи Ашт оид ба офатҳои табиӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон

 329 боздид

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва кулли мардуми ноҳияи Ашт аз ҳодисаи санаи 11 майи соли равон, дар натиҷаи боришоти зиёд ва омадани сел дар якқатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба амал омада, андӯҳгин буда, ба мардуми минтақаҳои офатзада изҳори тасаллият менамояд.
Мардуми ноҳияи Ашт ҳамеша дар партави сиёсати инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллат ҳамроҳ ва ғамхору кӯмакрасони Шумо мебошанд.
Мо омода ҳастем дар бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва расонидани кӯмакҳои моддӣ ба оилаҳои зарардида, саҳмгузорӣ намоем.
Боиси тазаккур аст, ки мардуми сарбаланду меҳнатқарини тоҷик таҳти сиёсати хирадмандонаи Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бартарафсозии ҳама гуна мушкилоти ба пеш омада ҳамеша дастаҷамъӣ зоҳир менамояд.
Итминон дорем, ки ин даъфа низ бо сарҷамъиву муттаҳидӣ мушкилоти ба сари мардуми минтақаҳои вилояти Хатлон омадаро бартараф месозем ва ҳар як фарде, ки воқеан халқу Ватани худро ва ҳар як фарди сарзамини ҳуқуқбунёди хешро дӯст медорад ва ҷонибдори ҳаёти орому осудаи миллати худ мебошад, ҷиҳати дастгирии моддиву маънавии сокинони аз офати табиӣ зарардида дар ин рӯзҳои мушкил ҳимматбаландиву саховатпешагӣ зоҳир менамояд.
Дар роҳи бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ тавфиқ ва барори кор хоҳонем.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.