Чанде қабл бо ташаббуси Бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳия дар гимназияи №1-и шаҳраки Шайдон бахшида ба 20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ дар мавзӯи “Ваҳдати миллӣ асоси рӯзгори мост” конфронси назариявӣ доир гардид.
Тавре Обода Каримӣ, мудири Бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳияи Ашт иттилоъ дод, дар конфронс омӯзгорони муассисаҳои таълимии маркази ноҳия маърӯза намуда, пойдории сулҳу субот ва оромии кишварро аз баракати ваҳдати миллӣ донистанд. Омӯзгорон зимни баромади худ қайд карданд, ки дар тӯли 20-соли ба даст овардани ваҳдати миллӣ дар кишвар ҳама соҳаҳо рушд кард ва зиндагии мардуми кишвар низ хуб гардид.
Дар охири конфронс толибилмони гимназияи №1 дар васфи ваҳдати миллӣ аз ашъори шоирони ваҳдатсаро шеърҳо қироат намуданд.