Машқи пагоҳирӯзӣ дар маркази ноҳия

 992 боздид

Тавре иттилоъ дода будем, сафари ҷавонони ҷумҳурӣ ба ноҳияи Ашт аз санаи 18 то 20 май давом мекунад. Субҳи имрӯз дар назди театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов машқи пагоҳирӯзӣ бо иштироки меҳмонон ва ҷавонону наврасони ноҳия баргузор гардид.
Дар доираи чорабинии як моҳи ҷавонӣ ҷавонони ноҳия ва меҳмонон имрӯз соати 09:00 аз назди мағозаи «Тоҳирҷон» то назди Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов роҳпаймоӣ таҳти унвони «Ҷавонон — пайрави Пешвои миллат» баргузор мегардад.
Тафсилоти бештар аз рафти меҳмонии ҷавонони ҷумҳурӣ ба ноҳияи Ашт  давоми рӯз пешниҳоди Шумо мегардад.
Пайгири мо бошед!

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.