Мулоқоти Ҳикматуллозода Неъматулло бо сокинони Ҷамоатҳои деҳоти Меҳробод ва Шодоба

 388 боздид

Имрӯз 18 декабри соли ҷорӣ дар толори тӯйхонаи «Гулшан»-и Ҷамоати деҳоти Шодобаи ноҳияи Ашт, Ҳикматуллозода Неъматулло ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ бо сокинони ин ҷамоатҳо оид ба расонидани арзи сипоси Сарвари давлат ба мардуми кишвар ҷиҳати иштироки фаъолона дар маъракаи Интихобот, шарҳи мӯҳтавои муроҷиатномаи «Барқи Тоҷик» оид ба истифодаи нерӯи барқ ва оғоз бахшидан ба корҳои ниҳолшинонӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ, ва рафти корҳои омодагӣ ҷиҳати таҷлили сазовори 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз доир гардид.

Дар мулоқот Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, Ҷамшед Маҳмудзода муовини раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Аниса Ҷалилӣ муовини раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, Хуршед Фарҳодзода роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, раисони кумитаи маҳаллаҳо, омӯзгорон, вакилони ҷамоативу ноҳиявӣ ва фаъолони ҷамоатҳо иштирок доштанд.
Ҳикматуллозода Неъматулл ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ дар мулоқот бо сокинони Ҷамоати деҳоти Понғоз гуфт, ки дар истифодаи нерӯи барқ сарфакор бошем ва ин сарфакориро ба наслҳои ҷавон омӯзем. «Бо як сафари корӣ дар кишвари Иордания қарор доштем. Медонед барои онҳо об ин муъҷиза ва муқаддастарин чиз ба ҳисоб меравад. Аксари сокинон об надоранд, на оби ошомиданӣ ва на оби полезӣ. Онҳо обро аз борон мегиранд бо роҳҳои махсус ва онро сарфакорона ҳам ба сокинон барои оби ошомиданӣ ва ҳам ба заминҳо ба тариқи қатрагӣ. Чаро мо натавонем, барқи истеҳсолии худиро сарфакорона истифода набарем?. Онҷо барои сарфакорона истифодаи об дар муассисаҳои таълимӣ хонандагонро меомӯзонанд. Аз ин лиҳоз даъват ба амал меорам дар истифодаи нерӯи барқ сарфакор бошем».
Дар охир сокинон ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки чунин мулоқот дар дигар ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия баргузор мегардад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.