27 марти соли равон и.в раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо ба пойгоҳи обкашии АНС-1 ташриф оварда ба мавсими нави обёрӣ дар ноҳия ҳусни оғоз бахшид.
Зариф Мирдадо зимни оғози мавсими нави обёрӣ ба масъулин супориш дода гуфт, ки обёрии заминҳоро сарфакорона ва саривақт таъмин намоянд.
Тавре Иброҳимҷон Воҳидов, сардори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия иттилоъ дод соли ҷорӣ бо дастгирии МИҲД-и ноҳияи Ашт тозакунии лой дар пойгоҳҳои обкашии ноҳия нисбат ба солҳои қаблӣ барвақт оғоз гардид. Ҳамзамон обёрии заминҳои ноҳия назар ба солҳои қаблӣ, имсол пеш аз муҳлат санаи 27 март ба роҳ монда шуд.
Хотирасон менамоем, ки пойгоҳи обкашии АНС-1 зиёда аз 12 ҳазор гектар заминҳоро бо об таъмин менамояд.