Озмуни “Чакомаи гесӯ” дар Ашт

 1 151 боздид

Имрӯз, 31 январ, дар Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт, бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”,  бо иштироки Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, намояндагони МИҲД-и вилояти Суғд Дадобоева Мунаввара, Муинова Матлуба, муовини Раиси ноҳияи Ашт оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ Аниса Ҷалилӣ, зазони фаъол ва ҷавондӯхтарон дар ноҳия озмуни “Чакомаи гесӯ” гузаронида шуд.

Тавре Обода Каримӣ мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, ба мо иттилоъ дод мақсад аз баргузории фестивали “Чакомаи гесӯ” ин намоиш, ороишу парвариши мӯй, рӯй, ҳаракати мавзун, муоширати духтарон, намоиши ҳунари машшотаҳо ва бо намоиши мавзӯи аз эҷодиёти халқ аз қабили гурдӯзӣ, бадеҳахонӣ бо истифодаи анъанаҳои хоси минтақаҳо мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дар Фестивали ноҳиявии “Чакомаи гесӯ” духатаракони синнашон аз 5 сола боло, наврасон ва ҷавондухтароне, ки мӯи дароз, симои базеб, қадди мавзун ва чеҳраи миллӣ доштанд иштирок намуданд.

Дар охир ғолибон бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.