ҚИСМАТИ БАДХОҲОН ҲАМИН АСТ!

 406 боздид

Ҳодисаи санаи 6  уми ноябри соли 2019 ба амал омада,  яъне ҳамлаи террористон дар ҳудуди ноҳияи Рудакӣ, бори дигар собит намуд, ки ҷавонмардони шуҷои Ватан ҳар порчаи Тоҷикистони маҳбубро бо тамоми вуҷуд ҳимоя месозанд.  Мо мардуми шарафманди тоҷик аз ин гуна лошахӯрон ҳаргиз ҳарос намекунем, зеро Ватан бе соҳиб нест. Пешвои муаззами миллат ва Артиши шердилу ҷасур пайваста фазои орому озоди  давлатро таъмин карда истодаанд.  20 нафар ниқобдоре, ки ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и “Ишқобод”- и қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод»  бо мақсади нопок бо воситаи силоҳи гуногун ҳуҷум карданд аз ҷониби диловарони Ватан ба монанди саг ба ҳалокат расонида шуданд. Тоҷикон аз азал ҳам мардуми сулҳпарвар ва олиҷаноб буданд, лекин ингуна сагҳои дайдуро раҳм надоранд. Зеро қисмати ин гуна сагҳои бедину, хиёнаткор, тундфикру кӯрнажод ҳамин гуна хотима меёбад.  Мо мардуми меҳнатқарини ноҳияи Ашт ба Шумо сагҳои косалес маълум мекунем, ки ҳамеша дар атрофи Пешвои худ, Артиши худ ва давлати маҳбуб муттаҳид ҳастем ва намегузорем, ки Шумо барин бадхоҳон фазои ободу озоди Тоҷикистонро олуда созад.

Бахши дин, танзими анъана ва жашну маросими МИЬД ноьия.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.