Роҳи дохили маҳаллаи Судҷа мумфарш мешавад

 1 185 боздид

10-уми  апрел бо иштироки раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо дар маҳаллаҳои Навбунёд, Судҷа, Хотхона, Устоён ва Шахаки ҷамоати деҳоти Понғоз ҳашари умумӣ доир гардид, ки дар он сокинони ҷамоат фаъолона иштирок карданд.

Зариф Мирдадо аз ҷараёни корҳои созандагии сокинон дидан намуда, таъкид дошт, ки барои ободу зебо кардани ҳар минтақаи ноҳия бояд дастҷамъона талош намоем ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ кунем.

Тавре раиси ҷамоати деҳоти Понғоз Ғолиб Саидов иттилоъ дод, сокинон ҷӯйборҳои маҳалҳои зикршударо тоза намуда, хоки онро барои ҳамвор сохтани кӯчаҳо истифода карданд. Ҳамзамон сойи ҷамоатро  аз партовҳо тоза карда, маҳалҳои осебпазири онро безарар намуданд.

Сокинони деҳаи Судҷа зиёда аз 60 метр роҳи ин маҳалларо аз ҳисоби замини наздиҳавлигии худ ба масомаи 2-3 метр васеъ намуданд. Соли ҷорӣ зиёда аз 1 километр роҳҳои дохили ин маҳалла бо дастгирии соҳибкор Зайлобиддин Махсудҷонов мумфарш карда мешавад. Барои ин  аз тарафи З. Махсудҷонов зиёда аз 100 тонна мум харидорӣ карда шуд. Сокинон тариқи ҳашари дастҷамъона роҳҳоро ҳамвор сохта, барои мумфарш намудан омода карданд,-илова намуд раиси ҷамоат.

Соли гузашта низ бо дастгирии ин соҳибкор ҳудуди 2 километр роҳи дохили маҳаллаи Судҷа мумфарш гардида буд.

Саодат ИСМОИЛӢ,

Сайидои ШОДӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.