Сафари кории Маҳмадтоҳир Зокирзода ба ноҳияи Ашт

 1 067 боздид

Санаи 8 августи соли равон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода барои шиносоӣ намудан аз кишти пахта ва дигар маҳсулоҳои кишоварзӣ ба ноҳияи Ашт ташриф овард.

Маҳмадтоҳир Зокирзодаро муовини Раиси вилояти Суғд Хоҷазода Ориф, сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Бобозода Хайрулло ва дигар сохторҳои дахлдор ҳамроҳӣ мекарданд.

Нахуст гурӯҳи корӣ аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ва заминҳои кишоварзии ноҳия дидан намуда, ба масъулини дахлдор ҷиҳати аз нақша зиёд чидани пахта ва кишти такрории сабзавоту зироатҳои полезӣ дастуру супоришҳо доданд.

Баъдан дар хоҷагии деҳқонии “Суҷҷа”, бо иштироки раисони ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия, заминсозон, мутахассисони кишоварзии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар фаъолон оид ба масъалаҳои барқарор кардани коргоҳу корхонаҳои аз фаъолият монда, барзиёд иҷро намудани нақшаи пахта, корҳои омодагӣ дар истгоҳҳои обкашӣ ва соҳаи кишоварзӣ ҷаласа доир гардид.

Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия меҳмононро ба ноҳия хайрамақдам гуфта зикр дошт, гурӯҳи корӣ аз рафти нашъунамои пахта дар заминҳои кишоварзии ноҳия дидан намуда, баҳри рушди соҳаи кишоварзии ноҳия дастуру тавсияҳои зарурӣ пешниҳод намуданд.

Сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Рафторҷон Муҳаммадиев аз фаъолияти хоҷагидорон ва кишоварзони ноҳия маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода оид ба масъалаи амнияти озуқаворӣ дар ноҳия аз масъулини соҳаҳо пурсиш намуда, минбаъд барои хубтару дурусттар ба роҳ мондани фаъолият дар ин самт як қатор дастуру супоришҳо ва иҷрои саривақтии ҳалли муаммоҳои ҷойдошта  вазифагузорӣ намуд.

Дар охир Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба масъулини Раёсати кишоварзӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо назардошти тавсия ва таклифу эродҳо дастуру супоришҳо дод, то нақша-чорабинӣ тартиб дода, иҷрои онро саривақт таъмин кунанд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.