Шикасти дастаи “Пахтакор” аз дастаи футболбозони “Ашт”

 2 011 боздид

Санаи 3 майи соли ҷорӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳия дастаи «Ашт»-и ноҳияи Ашт дар доираи баргузории чемпионати ҷумҳуриявии лигаи дуюм оид ба футбол дар вилояти Суғд,  дастаи «Пахтакор»-и ноҳияи Ҷаббор Расуловро бар ҳисоби 3:2 шикаст дод ва дар ҷадвали мусобиқа бо ба даст овардани 6 имтиёз дар ҷои дуюм  қарор гирифт.

Тибқи иттилои  Ғайрат Нозимов  дар назар аст, ки санаи 10 май дастаи «Ашт»-и ноҳияи Ашт бо дастаи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон сабқат менамоянд.

Хотирасон мекунем, ки марҳилаи дуюми чемпионати вилоятӣ оид ба футбол идома дошта, дар он 12  даста аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок доранд.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *