Ҳамдиёрони азиз!
Имрӯзҳо ҳамаи мо дар остонаи ҷашни мубораки миллиамон—Рӯзи Ваҳдати миллӣ, яъне санаи таърихӣ ва сарнавиштсози баҳамойиву оштии миллӣ, сулҳу суботи комил қарор дорем. Мардуми сарбаланду шарафманди ноҳияро бо ин санаи муборак самимона табрик мегӯям, ба хонадони ҳар яки шумо осудагиву амният, осоиш, неъмату фаровонӣ ва саодат орзу менамоям.
Нақши тақдирсози Ваҳдатро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин бозгӯ намудаанд: “Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард”.
Рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, яъне 27-уми июни соли 1997 барои мо, воқеан, оғози ҳамдигарфаҳмиву сарҷамъӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии орому осоиштаи халқамон мебошад.
Ваҳдати миллӣ неъмати бузург ва муқаддасест, ки тамоми пешрафту комёбиҳо ва саодати рӯзгори мардум аз он ибтидо мегирад, барои ҳастии миллати куҳанбунёдамон дар баробари забони модарӣ ва дигар рукнҳои давлатдориамон нақши тақдирсоз дорад. Ваҳдат беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву ормон, таҳкиму рушди пояҳои давлатдорӣ, нумӯи даврон ва ҳастии инсон дар замину замон аст.
То ҳол мардуми кишвар, бахусус насли калонсол он рӯзҳои шуму фоҷиаборро дар хотир доранд: рӯзҳое, ки хатари пароканда шудани миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати тозаистиқлол ба миён омада буданд, паёмадҳои ҳузновари ҷанги бародаркуш…
Маҳз бо талошҳои Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ислоҳи ин иштибоҳи даҳшатноки миллаткуш тадбирҳо андешидаву баъди музокироти тӯлонии зиёда аз чорсола оқибат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Имрӯз аз он айём 23 сол сипарӣ гардид. Бисту се соли эҳёи миллӣ, қадам ба қадам боло шудан, баҳамоӣ, худсозиву хештаншиносӣ, оромиву тинҷиву амният ва ободиҳо, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.
Аз як ҷониб натиҷаи ҳамин сулҳу Ваҳдат ва аз ҷониби дигар заҳмати содиқонаи мардуми шарифамон аст, ки имрӯз ноҳияи Ашт зебову обод мешавад ва муҳимтар аз ҳама сатҳу сифати зиндагии мардум беҳтар мегардад. Дар радифи омодагиҳо ба ҷашни бузурги миллат—30-солагии Истиқлолияти давлатӣ даҳҳо иншооти таъиноти мухталиф рӯйи кор омадаанд ва ин амалу иқдомҳо идома хоҳанд ёфт.
Эътимодам қавист, мардуми заҳматпешаву шарафманди ноҳияи Ашт минбаъд низ ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, тақвияти иқтидори давлати соҳибистиқлоламон содиқона хизмат хоҳанд кард ва бо дарки муҳимияту беназирии ин неъмати бебаҳо, яъне Ваҳдати миллӣ ҷиҳати ҳифзи арзишҳои давлат, дастовардҳои истиқлолият, таҳкими сулҳу субот кӯшиш хоҳанд кард.
Бори дигар ба ҳамаи шумо рӯйдоди таърихиву тақдирсоз—Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак бошад. Ба хонадони якояки шумо оромиву сурури рӯзгор, хотири обод, қалби шод ва дастархони пур аз неъмат таманно мекунам.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!