Тағироти кадрӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт

 617 боздид

Санаи 02 марти соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт бо иштироки Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, раисони ҷамоату шаҳраки деҳот ва роҳбарони сохторҳо ва корхонаву ташкилотҳои ноҳия тағироти кадрӣ сурат гирифт.

Баҳриддинзода Ақлиддин бинобар сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия озод гардида, бо қарори Раиси ноҳия аз  02 марти соли 2019 таҳти рақами №170, Фарҳодзода Хуршед Фарҳод роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия таъин гардид.

Фарҳодзода Хурдеш Фарҳод аз моҳи августи соли 2016 то инҷониб дар вазифаи муовини раиси Ҷамоати деҳоти Ориён, фаъолият намудааст.

Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо ба кадри навтаъин дар фаъолияти пурмасъулият барору комёбӣ таманно намуда, таъкид кард, ки содиқона адои вазифа намояд.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.