Таҷлили Рӯзи конститутсия дар Ашт

 81 боздид

Бахшида ба солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт бо иштироки раиси ноҳия Мирдадо Зариф чорабинии идона баргузор гардид.

Зимни сухан гуфтан роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия гуфт, ки “Қонуни асосии кишвар дар марҳилаи басо мураккаби сиёсии рӯзҳои аввали ташаккули давлати мустақил қабул гардид, бузургтарин дастоварди даврони  соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб ёфта, ҳамчун санади муҳими ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷати сарнавиштсоз барои амалӣ намудани ҳадафҳои неки созандаи пешрафту тараққиёти давлати муосир асос гузошт”.

Дар идомаи баромад роҳбарияти МИҲД-и ноҳия зикр дошт: “Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол мувофиқи таҳлили коршиносони созмонҳои байналхалқӣ ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқҳои инсон дар радифи конститутсияҳои беҳтарини дунё эътироф гардидааст. Конститутсия аз меъёрҳои инсондӯстӣ сарашма гирифта, марому мақсад ва иродаи кулли мардуми кишварро дар худ ба таври равшан таҷассум намудааст”.

Дар охир аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи идона манзури тамошобинон гардонида шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *