Таҷлили Рӯзи модар дар ноҳияи Ашт

 184 боздид

Субҳи имрӯз Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо бо ҳамроҳии сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Каримзода Осим Қосим, чор нафар собиқадорони соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳияро аёдат карда, туҳфаи хотиравии Раиси вилояти Суғдро тақдим намуданд.

Баъдан дар муассисаи давлатии Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳия бо иштироки Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Каримзода Осим Қосим, Рӯзи модар ҷашн гирифта шуд.

Нахуст Каримзода Осим Қосим сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд,  табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи иштирокдорон расонида зикр дошт, ки зани тоҷик ҳамеша толиби сулҳу ваҳдат, ободӣ ва оромии диёр буду ҳаст. Ин рисолат раҳнамои рўзгори бонувони мост. Мо бояд ба он муваффақ шавем, ки кулли занон худогоҳу бомаърифат бошанд.

Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо ҳозиринро ба Рӯзи модар шодбош намуда, иброз дошт, ки  модар рамзи ҷовидонаи меҳру вафо, идомабахши насли инсон мебошад. Модар аввалин шахсест, ки бо шири покаш ва бо меҳрубонии ба худаш хос дар қалби тифли худ хислатҳои неки инсониро парвариш карда, ӯро ба шоҳроҳи зиндагӣ раҳнамоӣ месозад.

-Меҳри беҳамтои зан-модар ба мисоли хуршедест, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад. Сиришти модарон аз покиву зебоӣ, сидқу вафо, рисолати офарандагӣ ва созандагӣ бунёд гардидааст. Дунё дар домони биҳишти модарон парвариш меёбад. Аз ин рӯ арҷгузорӣ ба мақому мартабаи волои модар ва ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми ӯ на ин ки қарзи фарзандӣ, балки яке аз суннатҳои мардуми тоҷик маҳсуб меёбад.

Сипас як қатор бонувони фаъол, ки дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ иштирок намуда ба дастовардҳои назаррас ноил гардида буданд, бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Раиси ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.

Дар охир аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия барномаи консертии идона ба ҳозирин намоиш дода шуд.

 

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *