Таҷлили Рӯзи Театр дар ноҳияи Ашт

 1 060 боздид

Имрӯз, 7 ноябр дар Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт, бахшида ба Рӯзи Театр чорабинии идона баргузор гардид.

Театр маънояш тамошо-тамошогоҳ мебошад, ки фаъолияти он офаридан ва ба тамошобинон ба тарзи зинда пешниҳод ва иҷро кардани намоишномаҳо оид ба ҳаёти воқеъии ҷомеа мебошад, ин нукта зимни баромади Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт садо дод.

Дар идомаи баромади худ Роҳбари МИҲД-и ноҳия зикр дошт, сокинони ноҳияи мо хушбахт ва хурсанд аз онанд, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия Қасри фарҳанг- Театри мусиқӣ-драммавӣ ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар ҷашнгирии иди байналмилалии Наврӯз соли 2016 ба истифода дода шуд.

Баъдан як қатор фаъолон ва ҳунармандони Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бо Сипоснома ва туҳфаи хотиравии Раиси ноҳия қадрдонӣ шуданд.

Дар охир филми мустанад аз ҳаёт ва фаъолияти Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Маҳмудҷон Воҳидов намоиш дода шуд. Баъдан аз тарафи ҳунармандони Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, намоишномаи «Вопасин арӯси Амир-ал-муъминин», ва «Гулпарӣ» ба намоиш гузошта шуд.

Мавриди зикр аст, ки Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов соли 2016 дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ, аз тарафи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба истифода дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки то имрӯз ҳунармандони Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, дар ин муддати кутоҳ тавонистанд ба руи саҳна 24 барномаҳои консертӣ ва намоишҳои саҳнавиро пешниҳод намоянд. Махсусан намоиши «Мардикорон», намоишномаи  «Вопасин арӯси Амир-ал-муъминин», «Гулпарӣ», “Дар ҷустуҷӯӣ бобои Барфӣ” ба тамошобинон писанд омадааст.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.