Тақдими аробачаи маъюбӣ

 407 боздид

 

Дар пайравӣ ба хислатҳои наҷиби инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин бобати иҷрои саривақтии муроҷиати шаҳрвандон ва бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, санаи 19 майи соли равон, Раиси ноҳия Зариф Мирдадо ба деҳаи Ашти Ҷамоати деҳоти Ашт ташриф оварда, ба наврас Соҳибова Зӯҳро Умурзоқовна, ки аз кӯдакӣ маъюб аст, аробачаи маъюбӣ тақдим намуданд.
Волидайни наврас дар навбати худ миннатдории самими худро ба Пешвои муаззами миллат, оид ба фароҳам овардани шароити мусоид ва хабаргирии доимӣ аз ҳолу аҳволи наврасони имконияташон маҳдуд, расониданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.