Дар ҷамоатҳои деҳоти Ифтихор ва Пунук вохурии роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ бо сокинони ҷамоатҳои дурдаст доир гардид.
Нахуст, вохӯриро муовини Раиси ноҳия Ҷалилӣ Аниса оғоз намуда, оид ба муқовиматнамоӣ бо терроризму экстремизм ва масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуд.
Баъдан, Сардори шуъбаи дар ноҳияи Ашт будаи РКДАМ ҶТ дар вилояти Суғд Каримов Абдусаттор зимни суханронӣ гуфт:
«Аз санаи 14-уми сентябри соли 2022 аз тарафи Суди Олии Федератсияи Россия дар асоси қонеъгардонии аризаи Прокурори Генералии Федератсияи Россия ТТЭ “ҲНИ” ҳамчун ташкилоти террористӣ эътироф ва фаъолияти он дар ҳудуди Федератсия Россия расман қатъ карда шуд. Инчунин қайд кард,ки саркардагони ТТЭ “ҲНИ” ва як гурӯҳ ҳаммаслакони онҳо дар кишварҳои Аврупо паноҳ бурда, фаъолияти тахрибии хешро бар зидди Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дода истодаанд. Террористони “ҲНИ” кӯшиш доранд, ки тавассути қаноти ҷангии худ дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон “Ҷамоати Ансоруллоҳ” дар ҳудуди кишвар амалҳои террористиро анҷом диҳанд. Тавассути ҳуҷумҳои иттилоотӣ мағзшӯии ҷавонони кишвар роҳандозӣ шуда истодааст.
Аз ин рӯ, моро зарур аст ҳушёрию зиракиро аз даст надода, ба тарғиботчиёни фитнаангезу дурӯғгӯй дода нашавем. Ҳамаи наздикон , пайвандон ва фарзандони худро, ки дар муҳоҷирати мсеҳантӣ дар Федератсияи Россия қарор доранд, огоҳ намоем, ки дониста ва ё надониста ба аъзоён ва ҷонибдорони ТТЭ “ҲНИ” ҳамкорӣ накунанд.»
Сипас, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Мамадҷонов Зафар ба сухан баромада, оид ба ободкориву созандагӣ ва пешравиҳои ҷомеа дар партави сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат андешаҳои худро баён намуд.
Баъдан, раиси КИ ҲХДТ ҶТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода оид ба ТТЭ “ҲНИ” сухан намуда, ибрози ақида намуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ муовини Раиси ноҳия қайд намуд, ки имрӯз мо бояд зиракӣ ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, баҳри ободии Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошем. Дар тарбияи насли ҷавони кишвар ҳисси ватандӯстиву ободкориро тақвият бахшида, фарзандони бо нангу ори Ватанро тарбия намоем.
Мавриди зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ТТЭ “ҲНИ” ташкилоти террористӣ мебошад.