Усмонҷон Ғаффоров: ҷанги шаҳрвандӣ аз маҳалгароӣ сар зад

 1 747 боздид

Имрӯз, 6-уми июн дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ва ҷамоати деҳоти Понғоз бахшида ба таҷлили 20-солагии ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони соҳоти гуногун ва ҷавонони ноҳия мулоқоти судманд баргузор гашт, ки дар он профессор Усмонҷон Ғаффоров, шоири Халқии кишвар Нурмуҳаммад Ниёзӣ, муовини якуми раиси Шӯрои вилоятии ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мавҷуда Бобоева, устоди ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров Шавкат Шарипов ва раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо иштирок намуданд.

Нахуст, Зариф Мирдадо меҳмононро ба ноҳия хайрамақдам гуфта, иброз дошт: “Ваҳдати миллӣ шаҳрвандони кишварамонро ба ҳам овард ва ҷангу хунрезиро аз байн бурд. Барои ба даст овардани ваҳдати миллӣ саҳми Пешвои миллат аввалиндараҷа буда, маҳз бо талошҳои Президенти мамлакат мо ба ваҳдати миллии комил расидем ва имрӯз зиндагии осуда дорем”.

Баъдан, профессор Усмонҷон Ғаффоров зимни баромадаш сабаби асосии даргириҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистонро ба маҳалгароӣ ва мансабталошӣ рабт дода гуфт, ин ду чиз омили асосии сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Дар ин ҷанги бемавқеъ шаҳрвандони кишвар кушта шуданд. Хушбахтона мо истиқлолият ва ваҳдати миллиро бо раҳнамоии Пешвои миллат ба даст овардем, ки ин дар таърихи навини давлатдории тоҷикон дастоварди арзишманди таърихӣ маҳсуб меёбад.

Мавҷуда Бобоева дар назди ҳозирин аз мушкилиҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва фаъолияти абармарди ноҳияи Ашт Нурулло Ҳувайдуллоев, ки дар даргириҳои ҷанги шаҳрвандӣ 24-уми августи соли 1992 дар шаҳри Душанбе ба ҳалокат расидааст, ёдовар шуд.

Дар охир шоирони ваҳдатсаро чанд ғазали худро қироат намуданд.

Саодат ИСМОИЛӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.