Вохӯрии Роҳбари МИҲД-и ноҳия бо гуруҳи кории КҲФ ва МГ назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 2 966 боздид

Cанаи 3 майи соли ҷорӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт Роҳбари МИҲД-и ноҳия бо гуруҳи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд.

Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар мулоқот ба гуруҳи корӣ аз минтақаҳои хавфнок ва селроҳаҳои ноҳия маълумот дод.

Тавре Назарова Нодира мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт ба мо иттилоъ дод, бо мақсади амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.11.2016 №506 “Дар бораи тасдиқ намудани нақшаи миёна муҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2017-2020”, мувофиқи нақшаи миёнамуҳлати муташакилона  кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ, дар соли 2017 мувофиқи ноҳия кӯчонидани 3 оила аз мавзеъҳои хавфнок тасдиқ карда шудааст, ки ин оила аз деҳаи Ғудоси Ҷамоати деҳоти Ошоба буда, дар мавзеъи хавфнок ҷойгир шуда буданд. Ба ин оилаҳо замини наздиҳавлигӣ дар мавзеи бехавф ҷудо карда шудааст. Дар соли 2018 бошад дар асоси нақша 3 оила аз деҳаи Кулихоҷаи Ҷамоати шаҳраки Шайдон ва 1 оила аз Ҷамоати деҳоти Ашт бо замини наздиҳавлигӣ таъмин карда шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар ноҳия 7 селроҳа ва 14 минтақаҳои хавфнок мавҷуд аст.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.