Зарари 12 манзил аз офати табиӣ

 1 105 боздид

Дар ҷамоати деҳоти Пунук барқарорсозии оқибатҳои офати табиӣ бо сурат ҷараён дорад.

Тавре раиси ҷамоати мазкур Бурҳониддин Мелиҷонов иттилоъ дод санаи 24-уми июн бар асари боришоти зиёди борон ба сойи ҷамоат сел омада, ба 12 манзили сокинони маҳаллӣ қисман зарар расондааст. Сел ҳамзамон 3 километр роҳ ва 55 замини наздиҳавлигиро қисман вайрон карда, як кӯпруки маҳаллаи Толонакро пурра вайрон кардааст. Офати табиӣ  ду автомашинаи сабукравро низ бо худ бурдааст.

Иттилоъ дода шуд бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ ҷараён дошта, раиси ноҳия Зариф Мирдадо ба маҳалли ҳодиса ташриф овард ва аз пайомади сел дидан кард. Аз тарафи МИҲД-и ноҳия барои бартарафсозии оқибатҳои ин офати табиӣ 600 литр сӯзишворӣ тақдим карда шуд. Айни замон дар ҷамоати деҳоти Пунук 77 метр роҳ пурра барқарор карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи омадани сел санаи 24-уми июн ба хоҷагии халқи ҷамоат 115 ҳазор сомонӣ зарар расид.

Саодат ИСМОИЛӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.